
КӮШОНИЁН. Дар толори фарҳангии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 26-солгии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир шуд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро ба муносибати 26-солагии ҲХДТ табрик намуда, иброз дошт, ки мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона буда, ҳадафи асосиаш таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин дар сатҳи сиёсати давлатӣ баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад.
Баъдан ба 16 нафар аъзое, ки кунун ба сафи ҲХДТ шомил шудаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар идомаи чорабинӣ 32-нафар аъзоёни ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қадрдонӣ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.