
КӮШОНИЁН. Бо ибтикори намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар маркази ноҳияи Кӯшониён бо усули “рӯ ба рӯ” бо мақсади дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани 26-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни саволу ҷавоб зери унвони “Нақши ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ, пешрафту ободии Ватан” баргузор гардид.
Дар озмуни мақсаднок сокинони касбу кори гуногун ширкат варзида, ба сокинон барои фаъолнокиашон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён туҳфаҳо тақдим карда шуд.