БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ яке аз рисолати омӯзгорон аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ ноҳия бо омӯзгорони Мактаб-интернати Ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.

Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани тӯю маъракаҳо, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухаронӣ намуда, аз омӯзгорону устодони ин боргоҳи маърифат дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани бошандагони ин муассисаро даъват ба амал оварданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg