
КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишии зеҳнӣ - “Шашка ва Шоҳмот” бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни наврасон баргузор карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз аз санаи 8 то 9 декабри идома ёфта, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфтанд.
Даври ниҳоии мусобиқаи мазкур бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Азимов Суҳроб баргузор гардида, ғолибон бо Сипоснома ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.