БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ВА АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Дар асоси дастуру  супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҷиҳати баргузории  чорабиниҳо бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо!”   баргузор карда шуд.

Дар  ин вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Дилноза Шоева  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом ғолибон  муйаян гардида, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.

Дар баробари ин масъулин аз тарзи ҳуҷатгузории ин ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg