БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ БОИФТИХОРИ ҲХДТ МЕШАВАМ!

ЁВОН. Дар арафаи ҷашни 26- солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ як қатор ҷавонон, ворисони Синои бузург, кормандони ҷавони Беморхонаи марказии ноҳия бо ифтихор аъзои ҲХДТ гардиданд. Шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар фазои тантанавӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиддини Муҳаммадӣ супорида шуд.

Зеро, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи сиёсат яке аз қувваи асосии пешбарандаи  ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон буда, татбиқи ҳадафҳои  Конститутсиониро вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобад, зеро эъмори давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мақсади ниҳоии мо мебошад.

Вазифаи муқаддаси  узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, илму фарҳанг, густариши арзишҳои демократӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, забондон ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯй, ҷорӣ намудани техникаву технологияи муосир ва ба ҳамин роҳ ободу пешрафт гардонидани Ватан, ташвиқу роҳнамоӣ кардани мардум мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg