БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШЪАЛЕ ДАР ТИРАШАБҲО

ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни 26 солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки аҳли заҳмати беморхона баргузор гардид.

Аҳли заҳмати соҳаи тандурустии ноҳия таҳти роҳбарии Халилов Бурҳониддин махсусан дар ин рӯзҳо, ки ҷомеаи имрӯзаро бемории шадиде бо номи коронавирус фаро гирифтааст, тавонистааст, ки ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, хосса  Роҳбари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи маҳал амалӣ намуда, ба мардум хизмати шоиста мерасонанд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳаи тандурустӣ» аз ниҳодҳои сохтори госпиталӣ, шабакаҳои кумаки аввалияи  тиббию санитарӣ иборат буда, дар айни  ҳол дар ҳайати худ 938 нафар аъзои ҳизб номнавис гардидаанд, ки аз ин шумора 350 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Аз лиҳози он ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули  низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Аъзои ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳия дар ҳама чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, дар тарғиби ғояҳои созандаи Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg