БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН- ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бахшида ба 26 -солагии таъсисёбии ҲХДТ кормандони масъули ҳизбӣ бо ҷавондухтарони Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фаррух иброз намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардаанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳукумати кишвар нақши занро дар ҷомеа дар мадди аввал гузошта, занонро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намудааст.

Ҳамзамон қайд кардид, ки имрӯз занону модарони тоҷик сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакатро дастгирӣ намуда, ҳамсафу ҳамқадами замон мебошанд ва рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg