БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ МО ҲИЗБИ ХАЛҚ АСТ!

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзои фаъол ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро бо 26- солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватани азизамон саъю талош меварзад.

Ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии “Қасри Фарҳанг” иброз намуд, ки тамоми дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ва мо ҳизбиён кӯшиш менамоем, ки барои амалӣ намудани барномаҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ пайваста талош менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg