БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ МО ҲИЗБИ НАВУ СОЗАНДА АСТ

АНДЕША. Оре, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватани азизамон саъю талош меварзад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи ҲХДТ - рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро рисолати худ медонад.

Сарвари муҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои аввали таъсиси ҲХДТ иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани он нерӯи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буд, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутаррақӣ ва шароити арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талош варзад. Чунки шиори мо “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” аст.

Имрӯзҳо  ҳизби бонуфузи мо ҷашни мавлуд дорад ва ман бо ин ҷашни фархунда ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори 26 -умин солгарди таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат, дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ бахри шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо орзу менамоям.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg