БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ХОТИРМОН БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ ҲХДТ

БОХТАР. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ороиши шаҳр” вохӯрии ҳизбӣ бо аъзои ҳизб доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ороиши шаҳр”, “Роҳсоз” ва “Боғбунёд” иштирок доштанд. Нахуст, ҳозиринро намояндаи Кумити иҷроияи шаҳрӣ ба муносибати 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки саҳми аъзои ҳизб дар ободу зебо гардонидани шаҳри Бохтар хеле назаррас аст. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ороиши шаҳр” Миралишоҳи Сайфиддин ба сухан баромада, доир ба мавқеи имрӯзаи ҲХДТ ва ташаббусҳои созандаи он ибрози назар карда, таъкид дошт, ки саҳми ҲХДТ дар пешрафт ва дастовардҳои Тоҷикистон хело назаррас мебошад.

Дар интиҳои вохӯрӣ як гурӯҳ кормандон ва аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg