БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

БАЛҶУВОН. Ба ифтихори 26 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Конференсияи илмӣ –амалӣ таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”  доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф зимнан номаи табрикотии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи муборак ба самъи ҳозирин расонид.

Мирзозода Исуф зимни баромади худ зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро рисолати худ донистааст.

Дар идомаи кори конфронс раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ  баромад намуда,  аз ҳамкории густурдаи аъзои ҲХДТ ёдовар шуда, баён намуд,  ки таърихро ҳамчун арсаи тағйироту рӯйдодҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму устувори пояҳои он нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Пешвои миллат ташаккул ёфт, хеле бузург ва барҷаста аст.  Зеро унсури асосии муттаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун сохтани ҷомеа пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд. Далели барҷастаи чунин иқдоми наҷиб, яъне ҳамеша дар байни мардум будан, зимни сафару мулоқотҳои Раиси муаззами ҳизб ба тамоми гӯшаву канори кишвар, пайваста ба назар мерасад. Чунин тарзи муносибат имконияти амиқ дарк намудани талаботу манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро фароҳам меорад ва ин ғамхориро ба таври воқеӣ эҳсос мекунанд, бо чашми худ мебинанд ва шарики фаъоли ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мешаванд.

Дар фарҷоми Конфронс  фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии  Кумитаи иҷроия қадрдонӣ гардиданд ва ба якчанд нафар ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанвӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg