БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБ

10-уми декабри соли ҷорӣ дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ташкил ва баргузории чунин конференсия дар таърихи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иқдоми нахустин буда, падидаи басо фараҳбахшу саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Пеш аз оғози конференсия дар назди Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси масъулини кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҳизб намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав намоиши китобҳои тозанашр низ ташкил ва ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз он меҳмонони расмӣ ва дигар иштирокчиёни конференсия баҳравар гардиданд.

Дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доктори илмҳои биологӣ Давлатзода С.Х., ректори Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои педагогӣ Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон номзади илмҳои кимиёвӣ Исозода Диловаршо ва раисон ва дигар масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин олимону муҳаққиқон иштирок доштанд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода оғоз бахшида, дар аввал меҳмононро ба муносибати ба чорабинии мазкур ташриф оварданашон хайрамақдам гуфта, баъдан меҳмонони расмиро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Дар қисмати расмии қонференсия муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ аҳли толорро ба муносибати 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, баъдан Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҳизб ба самъи иштирокдорони конференсия расонид. Ҳамчунин, дар конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ низ суханронӣ карда, аҳли толорро ба муносибати ин санаи фархунда табрик намуда, ба иштирокчиёни конференсия  муваффақиятҳо таманно кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қ. А. зимни суханронии хеш дар бораи мақсад ва ҳадафҳои конференсия мухтасар маълумот дод. Номбурда инчунин қайд намуд, ки Ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда - мусоидаткунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст”. Ҳамзамон ӯ аз ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ёдовар шуда, барои дастгирӣ ва муҳайё намудани шароити баргузории конференсия ба ректори муассиса миннатдорӣ изҳор намуд. Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ҳамчунин илова кард, ки бори нахуст аст, ки ҳизбиёни вилояти Хатлон чунин чорабинии ҷумҳуриявиро дар ин сатҳ баргузор менамоянд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур чунин ҳадафҳоро дар бар мегирад: бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккул додани чунин мактаби сиёсӣ; ташаккули заминаҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи асоснокии илмӣ ва маҳсулнокии онҳо.

Дар анҷоми қисмати расмии конференсия як қатор фаъолони ҳизб аз ҷониби Раёсати Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати кор дар бахшҳои конференсия беш аз 50 мақолаҳои илмӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар пешниҳод гардида, нахустин Маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» аз чоп баромад ва дастраси иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

Конференсияи мазкур дар чор бахш: “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”, “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти  миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” ва “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” ва 13 мавзӯи бо ҳам алоқаманд ташкил ёфта, давоми рӯз идома кард.

Раҷабалӣ Худоёрзода, «Ҳамрози халқ»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg