НОРАК. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Точикистон дар доираи баргузории чорабинии 20 Рӯзи ҷавонӣ дар шаҳри Норак аз ҷониби бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабиниҳои оммавию маърифатӣ, сиёсию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва суҳбату вохӯриҳо оид ба дастовардҳои ҷавонон дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни наврасону ҷавонон баҳри мутаҳиддӣ ва дар роҳи рост тарбия намудани онҳо мусобиқаи варзишии волейбол гузаронида шуд.
Инчунин, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Нурофарон», «Нурафшон», «Барқчиён», «Ворисони Сино» ва «Шифокорон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизҳои мудаввар, мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла шоҳмот, шашка, волейбол тенниси рӯйи миз ташкил карда шуда, ғолибон бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак сарфарз гардонида шуданд.