БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ АЪЗОИ ҲХДТ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

ДӮСТӢ. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз дар ташкилоти ибтидоии “МНДЭС” маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   доир намуда, зимнан иштирокдоронро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику маборакбод гуфта, аз таърихи  таъсисёбии ин ҳизбӣ мардумӣ ва пешоҳанги ҷомеа ва нақши он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар бо Роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуд. Инчунин, дар ин раванд чанде аз иштирокдорон дар бораи мақому манзалати  ҲХДТ  ва хизматҳои  шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти рушду тараққиёти Ватани азизамон-Тоҷикистон  суханронӣ карда, иброз доштанд, ки воқеан имрӯз ҲХДТ таҳти роҳбарии  Раиси муаззамаш  бо ҳадафҳои созанда миёни  ҷомеа обрӯ ва нуфузи тозаро касб намудааст. Дар охир ба шахсоне, ки барои ба  сафи ҲХДТ пайвастан ариза пешниҳод карда буданд, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg