БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА БАЛАНД АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгорию муҳандисии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” вохӯрӣ баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аксарияти иштирокдорони вохӯрии мазкур аз ҷавондухтарон иборат буда, дар он масъулин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дастгирии беназири Президенти мардумӣ, Пешвои муаззами миллат занону бонувони тоҷик чи дар самти сиёсат, чи дар соҳаи варзиш, ихтироот, дар умум парчамбардорони асили Дирафши парафшони Тоҷикистон дар арсаи байналмилалианд.  

Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштаанд. Истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Зеро маҳз, дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд, собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ ва рисолати ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро карда метавонанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg