ТЕМУРМАЛИК. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои зимистонгузаронӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб андешаронӣ карда, иштирокдоронро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ -ҳамчун неруи тавонои сиёсӣ шодбош гуфт.