ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Танобчии поён”-и Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID- 19, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб андешаронӣ карда, ба шахсони масъули ташкилоти ибтидоии мазкур барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳо дод .