ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимов дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бурдангал” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади тарғиби хадафҳои созандаи ҳизб, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки ҲХДТ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва тахкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда роҳнамоӣ карданд.