БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ҲХДТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассиса таҳсилоти миёнаи умумии №29-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо иштироки фаъолзанони деҳаи Саноати Ҷамоати деҳоти Узун мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия  Сулаймонова Лола ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар иштирок дошта, оид ба 26- солагии таъсисёби ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми занон  дар ҷомеа, ҷалби фаъолзанон ва духтарон ба сафи ҲХДТ баромад намуданд. Инчунин, Худойқулова Наргис вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба мақоми зан дар оила, Тағоева Орзугул омӯзгори муассисаи таълимии марзкур дар бораи нақши занон дар ҷомеа баромад  намуд. Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ба кори худ ҳусни хотима бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg