ҶАЙҲУН. Бахшида ба муносибати 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳия чорабини доир ба мавзӯи “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” доир карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон, кормандони соҳаи тандурустӣ, ҷавонон, занон ва дигар аъзои фаъол ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада, Паёми шодбошии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибаи Рӯзи таъсисёбии ҳизб, ки таърихи бунёдгузории ин ниҳоди сиёсӣ ва маҳбубияти он миёни сокинону тарафдорони ҳизбро дарбар мегирифт расонида, доир ба дастовардҳои ҲХДТ дар зарфи 26-соли фаъолияти пурсамари он маълумоти муфассал дода, ҳамзамон аз ташаббусҳои бевоситаи фаъолон ва собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия ёдовар шуд.
Дар интиҳои чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб раиси ташкилоти ибтитоии “Шифо”-ро барои саҳми арзанда гузоштанаш дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ- ҳамчун ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа, иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ ва бахшида ба муносибати 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо Сипоснома сарфароз гардонида, мутахассисони ҷавоне, ки чанд моҳ қабл барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиашонро супориданд.