КӮЛОБ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳо бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шаҳри Кӯлоб миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” баргузор карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, Саидов Насим ба сухан баромада, қайд намуд, ки Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариаш нисбат ба ҷавонон ва дастгирии онҳо тадбирҳои ҳамаҷониба андешида, нисбат ба баланд бардоштани мавқеи онҳо дастурҳои мушаххас медиҳад.
Дар идома аз ҷониби аъзои комиссия ғолиб муйаян гардида, аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ба ғолиб Сипоснома тақдим карда шуд. Инчунин, дар фарҷоми вохӯрӣ ба 5 нафар корманди ҷавон, ки бо хоҳиши худ барои аъзои ҲХДТ шудан ариза пешниҳод намуда буданд, аз ҷониби Насим Саидов ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.