![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201203_113330.jpg?itok=s9bcJYu1)
ЁВОН. Бо мақсади сазовору шоиста ҷашн гирифтани 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби ҳунарҷӯёну ҳунармандони ҷавони ноҳия дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки таҷассумгари фарҳанги бойю мероси гаронбаҳои тоҷикро бозгӯ буд.
Ҷавондухтарон бо шодиву нишот ҳунари омӯхтаи хешро ба маърази тамошо гузошта, қаноатмандӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва ривоҷ додани онҳо мекарданд.