ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳо дар толори Муассисаи давлатии Литсейи касбӣ- техникии ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд бо иштироки доираи васеъи маҳфили волонтёрон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат, директори маркази пешгирӣ алайҳи бемории СПИД Бӯриев Муҳаммадовуд, аъзои фаъоли маҳфили волонтёрон Темурзода Фарзона ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯрии мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 26 соли таъсисёбии ҲХДТ ва дастгирии қишри ҷавони кишвар баргузор гардид.