ДӮСТӢ. Бахшида ба 26- умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ ҷиҳати дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба аёдати 6нафар кӯдакони маъюб рафта, ба онҳо туҳфаҳо ва кумакҳои яквақтаинаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро супориданд. Дар вақти супоридани туҳфаҳои идона хурсандии кӯдаконро ҳадду канор набуда, аҳли оилаи онҳо барои дастгирӣ ва иқдоми неки инсондӯстона ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбиёни ноҳия изҳори миннатдорӣ баён карданд.