ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26- солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ миёни хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №53, №10 ва №1 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “ Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” баргузор гардид.
Дар озмун аз муассисаҳои номбурда хонандагони фаъол иштирок намуда, дар рафти озмун аз тарафи масъулини ҳизбӣ назорат карда шуд.
Ҳамзамон, баъд аз озмун мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоева Гулрухсор ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Фаррух бо хонандагон суҳбат ороста, қайд намуданд, ки шумо ҷавонон ояндаи миллат мебошед, хонед, кӯшиш намоед, илм биёмӯзед то номбардори ин давлату миллат бошед. Чун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо такя ба ҷавон менамоянд, эътимоди онҳоро ба ҷо оварда, ба Ватани азизи худ сидқан хизмат намоед.
Дар охир иншоҳои навиштаи хонандагон аз тарафи омӯзгорони ботаҷриба санҷида шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардиданд.