БАЛҶУВОН. Бахшида ба таҷлили сазовори 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамарӯза бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ ва семинар-машваратҳо дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” баргузор гардида истодааст. Чунин мулоқоти судманд дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Донояк” миёни занону духтарон доир карда шуд.
Зимни баргузории мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Марҷона Муродова қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ менамояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 26 соли фаъолияти худ тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёбад, мардумро ба равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегӣ роҳнамоӣ намояд. Дар ин замина баҳри амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳо ва татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб занону духтарон нақши муҳиму беназир гузошта, дар тамоми раванди созандагию бунёдкорӣ дар баробари мардон ҳиссагузорӣ менамоянд.