Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати аёдату дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманду собиқадорони ҳизбу меҳнат шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дирӯз чорабинии идонаро бо аёдати занону модарони фаъоли собиқадор, ки онҳо дар рушду пешрафт ва таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас гузоштаанд, роҳандозӣ карда, бо фаъолзанон аз наздик суҳбати самимона анҷом доданд. Зимни суҳбат масъулин табрикоти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар яки онҳо расониданд. Аз аёдати ҳизбиён фаъолзанон болидахотир гардида, бо суханони неку пандомезашон аз хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон ёдоварӣ намуда, изҳори сипос баён карданд. Дар охир намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба занону модарони собиқадор туҳфаҳои хотиравиросупориданд.