БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

     Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сол қaбл aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро рисолати худ донист. Омили асосии дар як мудати кӯтоҳ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардан ва ба пешрафт ноил гаштани ҳизби мо дар он аст, ки он манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ҳимоя мекунад ва барои бароварда сохтани ормонҳои онҳо талош меварзад.

    Таъкид гардид, ки агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар роҳи давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ мешавад. Амалӣ шудани ҳадафи барномавии ҳизбро дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем.

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маънавиёт, эҳсоси худшиносии миллӣ, нақш ва мақоми занону бонувон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми шоиста дорад. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад,  дар ҳама чорабиниҳо фаъол аст.               

     Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробонмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад. Аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ амалҳои неки худро дар ҷамъият идома дода, тариқи барномаҳои ҳизб ояндаи дурахшони наслҳоро таъмин хоҳанд кард.

     Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамкасбон ва ҳамдиёрони азизро бахшида ба ин санаи таърихӣ - 26-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯям.

Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg