
А.ҶОМӢ. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.
Ба ин хотир дирӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назокат Қосимова дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, семинар-машварат бо фаъолзанон таҳти унвони «Зан ва ҷомеа» баргузор гардид.
Дар охири чорабинии мазкур ба ҳама фаъолзанони ҳизб, китобҳо аз ашъори ирфонӣ ва ҳикмати инсонӣ дар эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тақдим карда шуд.