
ҶАЙҲУН. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҳизб ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халҳии Демократии Тоҷикистон бо иқдоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, раиси ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии давлатии об” Сафолов Бахтиёр ва дигар масъулини ҳизб аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат анҷом дода шуда, аз номи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нафар собиқадори ҳизбу меҳнат, сокини кӯчаи ба номи Ҷаббор Расулови Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Сайфуллоев Фатҳулло кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Аёдатшуда аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болидахотир гардида, зикр намуд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунем. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мунис ва Роҳбари оқилу саховатпеша дорем.