БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – таблиғгари сиёсати созандаи Пешвои миллат дар маҳал

МУЪМИНОБОД. Дар дар деҳаи Турконии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо фаъолону ҷавонони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов  иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеа бахшида ба моҳи шарифи Рамазон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ карда шуданд. Инчунин, дар маҳаллаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Бедилова Саодат интихоб гардид. 

Баргузории чунин мулоқоту вохӯрӣҳои судманд дар дигар деҳаю маҳаллаҳои  ноҳияи Муъминобод мувофиқи нақша идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg