БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР ТАТБИҚИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАНД

ФАРХОР. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб дар якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Фархор бо иштироки занону ҷавондухтарон бахшида ба 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз чунин як чорабинии бошукӯҳ бо иштироки 35 нафар занони фаъол дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардида,  Назарзода Алӣ Исмон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар бораи дастоварҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 26 сол ва нақши занон дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳамагонро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ шодбош гуфт. Инчунин, дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Раҳимова Маъмурбӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки бевосита заҳматҳои шоёни Пешвои миллат дар ин самт баендоза мебошанд, баромад карда, нақши занонро дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg