
Н.ХУСРАВ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» баргузор гардид.
Хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии № 1, 10 ва 26-и ноҳия доир ба мавзӯи пешниҳодшуда иншо навишта, фикру ақидаҳои худро доир ба мавзӯъ баён намуданд. Комиссияи аз ҳисоби кормандони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” таъсис додашуда, иншоҳои хонандагонро санҷида баромада, санаи 9.12.2020 ғолибонро муайян ва барои қадрдонӣ ба Кумитаи иҷроия пешниҳод менамоянд.