
КӮШОНИЁН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷавондухтарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбати хеш доир ба мақому манзалати зан-модар, нақши занону бонувон дар сиёсати давлат ва таърихи таъсисёбии ҲХДТ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро бо 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор табрику шодбош гуфтанд.
Дар навбати худ чанде аз хонандагони синфҳои болоӣ бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Ватан-Модар чамъомадро ҳусни анҷом бахшиданд.