ЛЕВАКАНТ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар кӯчаи Истиқлол вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар Ватан ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез”, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.
Сокинон суханрониҳои Пешвои миллатро дар мулоқот бо фаъолони кишвар, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ доир гардидаро, якдилона ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дастуру супоршҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар вохӯрӣ ироа карда шуд, сармашқи кору фаъолияти худ қарор додаем.