КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ва дигар санаҳои муҳимми таърихӣ дар маркази ноҳия дар масофаи 1 километр бо иштироки аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳпаймоӣ гузаронида шуд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷояги бо аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳиби донишҳои муосир шудан, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндагии ҷомеа тамоми нерӯи худро равона сохта, пайваста суҳбату мулоқотҳо ва аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» доир намуда истодаанд.
Ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ҳамеша барои ободиву шукуфоии Ватан саҳм гузошта кӯшиш мекунанд, ки бо ташаббусҳои неку созанда Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.