КӮЛОБ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти фаъолияти худ кӯшиш менамояд, ки ба мафкураи ҷомеа таъсири мусбӣ расонида, дар доираи барномаи худ мардумро ба корҳои созандаву бунёдкорона ҷалб созад. Дар баробари ин дигар мақсади олии ҳизб пайваста дар канори халқ будан аст, зеро боварии халқро сазовор шудан ва такя ба он дар меҳвари самти фаъолияти ҳизбӣ қарор дорад.
Бо ҳамин ниятҳои нек дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” Тағоев Бурихон иштирок ва баромад намуданд.
Аз ҷониби Валиева Саъбагул дар маҷлис қайд шуд, ки мо кормандони масъули ҳизбӣ дар асоси дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон имрӯзҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаем. Моҳияти ин вохӯриҳо барои ба дарки мардум расонидани ҳадафҳои олии ҳизб мебошад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар замири шаҳрвандони кишвар ҳисси ифтихори миллиро баланд бардошта, нерӯи онҳоро ба корҳои неку созанда равона созем.
Дар ин миён дигар иштирокдорон оид ба паҳлуҳои дигари фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.