ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти “Танобчӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва тарзи ҳуччатгузорӣ корҳои муқоисакунӣ гузарониданд.
Намояндагони ҳизбӣ дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҳайати сифатии аъзои ҳизб ва тарзи ҳуҷҷатгузорӣ шинос шуда, барои таҳкими ҳаракати аъзои ҳизб ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Инчунин, дар ин раванд масъулин вобаста ба ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои зимистонгузаронӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин давра ҳатмӣ мебошад.