
ЛЕВАКАНТ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии волонтиёрон ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар якҷоягӣ бо аъзои маҳфили волонтёрони ҳизбӣ назди Кумитаи иҷроия, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ниҳолшинонӣ маъракаи муҳим аст!» дар шоҳроҳи марказии шаҳр баргузор гардида, иштирокдорони Аксияи мазкур дар шинонидани ниҳолони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ саҳм гузоштанд.