БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ МО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИСТ!

ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни 26- солагии таъсисёбии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо  дар бештари  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  таҳти унвони “Мароми мо- созандагиву бунёдкорист” маъракаи ободонию кабудизоркунӣ баргузор гардида, дар маҷмуъ 740 адад ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.

Дар ҳашари умумӣ зиёда аз 4500 нафар аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуда, роҳраву заҳбурҳо, гирду атрофи корхонаҳои худро ба тартиб дароварда, рангу бор намуданд.

Маъракаи муҳими  ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ёвон  бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оғоз гардида, минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ноҳия маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам ободу зебо намудани Ватани азизамон баргузор карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg