
А.ҶОМӢ. «Ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд, таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои ҷомеаи дунявӣ бояд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад» аз суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҷараёни сафари кории раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода барои саҳми шоёнаш дар пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо дарназардошти 26- солагии таъсисёбии ҲХДТ, ба узви Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармуҳаммад Раҳимзодаро бо Сипосномаи вилоятии ҲХДТ сарфароз гардонид.