БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД” ГУЗАРОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, сокинон, волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Ҷамоати деҳоти Гулистон Аксияи ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” гузаронида шуд.

Зимни баргузории Аксия иштирокдорон фаъолона ширкат варзида, баҳри сарсабзу зебо ва обод намудани як гӯшаи диёрамон саҳми худро гузоштанд ва дар ин маърака зиёда аз 100 (сад) бех дарахтони сояафкану ороиширо шинониданд.

Ҳамзамон, масъулини чорабинӣ нақша доранд, ки боз ҳамин қадар ниҳоли дарахтони ороишию сояафканро шинонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg