
ВОСЕЪ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, волонтиёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1600 (як ҳазору шашсад) бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз баҳри бунёди боғи сабзу хуррам, шинонида шуд.
Бояд қайд намоем, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 300 нафар фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки кабудизоркунии маҳал ва саҳм гузоштан дар ободии диёр вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Бинобар ин чунин иқдомҳои неку наҷиб дар ноҳия боз ҳам идома ёфта, ҳама якҷоя баҳри сабзу хуррам гардонидани маҳали зист, муҳити атроф ва дар маҷмӯъ ноҳия саҳми худро мегузоранд.