БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРСАБЗУ ЗЕБО ГАРДОНИДАНИ ЯК ГӮШАИ ДИЁР ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАМАИ МОСТ

ВОСЕЪ. Дӯстдории табиати диёр аз дӯстдории обу хок, муҳаббат ба Ватан, оила ва зодгоҳ сарчашма мегирад. Инсон чи қадаре, ки ба Ватани аҷдодӣ самимият ва муҳаббат дошта бошад, ҳамон қадар файзу баракат зиёда мегардад.

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ Аксияи ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ зери унвони " Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ”, “ВНМО”, “Беморхонаи касалиҳои пӯст”-и ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ аъзои фаъоли ҲХДТ, сокинон ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, баҳри зебогардонии маҳали худ зиёда аз 100 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg