
ВАХШ. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якчоя месозем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фидокор”-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо икдоми раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Аслиддин Раҳимов зиёда аз 500 метр роҳҳои байни деҳаву маҳалаҳо сангфарш карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз заҳбуру заҳкашҳо бо техника тоза карда шуда, онҳо тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ ин гуна чорабиниҳоро боз ҳам вусъат бахшида, дар ободии деҳаи худ саҳмгузор бошанд.