Ҷ.БАЛХӢ. Дар пайравӣ аз иқдомҳои неки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Маъюбон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд” бо ҷалби аъзои маҳфили волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроия ҷиҳати анҷом додани амалҳои неки инсондӯстонаву ватанпарварона, дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ва маъюбон шахсони маъюб аёдат карда шуданд. Ин иқдоми нек аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бори аввал набуда, пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ шахсони эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбону ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор доранд. Дар ин рӯз якчанд нафар шахсони маъюбу ятим аёдат карда шуда, ба онҳо анвои ширинию маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.
ИФТИТОҲИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2025
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2026 (15)
- Январ 2026 (66)
- ноябр 2025 (3)
- Октябр 2025 (14)
- Сентябр 2025 (54)
- Август 2025 (10)
- Апрел 2021 (177)
- Март 2021 (524)
- Феврал 2021 (439)
- Январ 2021 (345)

















