ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ба номи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён бо гурӯҳи занон дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароитҳо фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.
Инчунин, ба иштирокчиён гуфта шуд, ки барои давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оварданд.