ЁВОН. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳрезигардида, чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ, солимию варзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардиданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Литсейи саноатию кишоварзии ноҳия мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷавонон созандагони фардои ҷомеа» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли Литсейҳои касбӣ-техникӣ, Коллеҷи тиббӣ, қисми низомӣ, намояндагони ҷавони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» даъват гардида, иштирок намуданд. Дар кори мизи мудаввар мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Раҷабов Э, мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов М, донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ Бекматзода Д, донишҷӯи Литсейи касбии санаотию кишоварзӣ А.Шодиев ба сухан баромада, оид ба фаъолияти ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои мухталиф андешаронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба як қатор ҷавонони фаъол ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.