БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИДОЯТГАРИ АМАЛҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

ШАҲРИТУЗ. Дар  ташкилоти ибтидоии “ Обшорон”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар рафти суҳбатҳо масъулин вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим,  пешгирии бемории  сироятии коронавирус ва риояи талаботи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои иҷрои  корҳои созандагиу ободонӣ, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи солимии худ ва дигарон бо риояи қоидаҳои санитарӣ ҳидоят намуда, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg